Абдулло Орифов: «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ мебахшад
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ҳамсояи чандинасраи наздик, дӯсти вафодор ва шарики боэътимоди стратегии Узбекистон мебошад. Мо муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки мардумони бародарро самимона қадр мекунем»,-чунин гуфт имрӯз зимни ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов.
Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов муносибатҳои дӯстона ва эътимодбахш байни сарони давлатҳоро, ки заминаи устувори рушди муваффақона ва амиқи ҳамкории дуҷониба гардидаанд, махсусан таъкид намуд. Ба иттилои ӯ, бо шарофати ин муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ба таври куллӣ ба сатҳи нав баромада, шарикии дуҷониба мазмуни воқеии амалиро фаро гирифтааст.
«Давоми панҷ соли охир табодули молу маҳсулот байни давлатҳоямон ду маротиба афзуд. Имрӯз лоиҳаҳои муштарак дар самти сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва савдо татбиқ карда мешаванд, ки ба мустаҳкам намудани доираи ҳамкории дуҷониба мусоидат менамоянд. Натиҷаи муҳими ҳамкории минтақавӣ ташаккули сатҳи нави эътимод ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ буд. Боварӣ дорам, ки форуми «Душанбе Инвест-2025» ба рушди минбаъдаи иқтисоди Тоҷикистон ва тамоми минтақа такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои ояндадори ҳамкории байнидавлатӣ мусоидат хоҳад кард»,-иброз дошт зимни суханронӣ Абдулло Орипов.
Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон баён дошт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ фазои ягонаи нақлиётию логистикӣ ташаккул ёфта, Осиёи Марказӣ ба маркази транзитӣ байни Шарқу Ғарб ва Шимолу Ҷануб табдил меёбад. Солҳои охир ҳаҷми табодули дуҷонибаи молӣ байни мамлакатҳои минтақа 4,5 баробар ва шумораи корхонаҳои муштарак 5 баробар афзудааст.
«Намунаи ҳамкории муваффақ пайваст шудани Тоҷикистон ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, оғози интиқоли мутақобили неруи барқ ва бастани созишномаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар доираи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Ҳамаи ин ба рушди шарикии устувори обу энергетикӣ дар минтақа мусоидат мекунад»,-гуфт Абдулло Орипов.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»






