Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуд

Октябрь 21, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи 47-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё баргузор гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода   дар шакли ҳузурӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа намояндагони ваколатдор аз Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон дар шакли ҳузурию маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла ҳисоботи солонаи Идораи патентии Авруосиё дар 2024, лоиҳаи буҷети Идораи патентии Авруосиё барои соли 2026, ворид намудани тағйирот ба санадҳои алоҳидаи Идораи патентии Авруосиё дар бораи пардохти боҷҳо барои амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва ғайра нисбат ба аризаҳо барои додани патентҳои Авруосиёӣ, ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи таҷрибаомӯзӣ ва барномаҳои стипендиявии Идораи патентии Авруосиё, тасдиқи Низомнома дар бораи дастгирии аризадиҳандагон аз давлатҳои аъзо, масъалаи ҳамроҳшавии Ташкилоти патентии Авруосиё ба Санади женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ аз 2 июли соли 1999 ва инчунин ба Созишномаи Ар-риёз дар бораи қонунҳои намунаҳои саноатӣ аз 22 ноябри 2024 ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми ҳамоиш қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

АКС: Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид