Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок менамояд

Октябрь 30, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлоси 42-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Мудири кулли ЮНЕСКО ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳайси мизбон суханронӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО то 13 ноябр идома хоҳад ёфт.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»