Ҳайати Тоҷикистон дар пленум ва анҷумани созмонҳои мудофиавии ИДМ иштирок намуд

Октябрь 8, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи Пленуми чордаҳуми  Шурои марказии  Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва анҷумани чоруми ғайринавбатии он баргузор шуд. Дар он ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиён муҳтаво ва самтҳои асосии кори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Узбекистон, масъалаҳои гуногунии шаклҳо ва усулҳои пурсамари омодасозии мутахассисон барои сохторҳои қудратӣ ва хоҷагии халқ муҳокима намуданд.

Зимни ҷаласа нақши муҳими  созмонҳои мудофиавӣ ва варзишӣ-техникӣ дар тайёр кардани мутахассисони техникии баландтаҷриба барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон махсус таъкид карда шуд. Имрӯз вазифаи асосӣ-ин мукаммал намудани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ ва омода сохтани варзишгарони бомаҳорат ба шумор меравад.

Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ зарур аст дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, барои вусъати ҳамгироӣ ва робитаи тарафайн шаклҳои нави судманд дарёфт карда шаванд. Масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои ҳама созмонҳои мудофиавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳим буда, дар назди сохторҳои ҳарбӣ ва созмонҳои мудофиавӣ дар ин самт вазифаҳои нав гузошта шудаанд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти созмонҳои мудофиавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти таҷлили 80-солагии Ғалаба, инчунин омодагӣ ба таҷлили 100-солагии таъсисёи ДОСААФ – и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2027 баррасӣ гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Давлатзода иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки созмонҳои мудофиавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сафи худ зиёда аз  9 миллион нафарро муттаҳид мекунанд. Шурои Марказии ДОСААФ-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кишварҳои аъзо барои ҳалли масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёр намудани  шаҳрвандон аз рӯйи тахассусҳои ҳарбӣ барои хизмати низомӣ дар сохторҳои миллии қудратӣ, таълим додани касбҳои оммавӣ-техникӣ, ҷалби ҷавонон ба эҷоди техникӣ ва машғулияти варзишии авиатсионӣ, техникӣ ва ҳарбӣ-амалӣ кумак мерасонад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 8, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд