Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Италия ҳамкориро густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар мулоқоти роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Ҷумҳурии Италия таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози нишасти вазирон дар қолаби «Осиёи Марказӣ ва Италия 5+1» Федерико Фаилла тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои маориф, илм, идоракунии давлатӣ ва рушди устувор баррасӣ шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таҳияи барномаҳои муштараки магистратура, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои Италия, таҳқиқоти илмӣ, машғулиятҳои такмили ихтисос ва баргузории ҳамоишҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳайати Италия ба иқтидори илмӣ, инфрасохтори муосир ва барномаҳои инноватсионии академия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ бо ин муассисаи пешқадами давлатӣ метавонад ба рушди шарикии Италия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маориф мусоидат намояд.
Дар рафти суҳбат мусоҳибон пешниҳоди таъсиси барномаи магистрии минтақавӣ барои хизматчиёни давлатӣ бо дастгирии шарикони италиявӣ ва имкони таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳҳои Италия (дар чаҳорчӯбаи Эрасмус+)-ро муҳокима намуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






