Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр бо ташаббуси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (24 октябр) дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши иттифоқҳои касаба дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки иттифоқҳои касаба дар ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таҳкими ҳамкории иҷтимоӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муассир мебозад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Иттифоқҳои касаба- ин амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ дар самти риоя ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва аҳли оилаи онҳо, бархурдор гардидани кормандон аз ваколатҳои иҷтимоӣ мебошад, ки онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Таъкид шуд, ки ҳамкории самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иттифоқҳои касаба ба амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳифзи сиёсати иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






