Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

Октябрь 5, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар рушди забони давлатӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иброз гардид, ки забони тоҷикӣ чун бузургтарин сармояи маънавии миллат давоми ҳазорсолаҳо пойдор мондааст. Он имрӯз бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи нав — марҳалаи рушди байналмилалӣ ворид гардидааст.

Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи давлатии забон таҳия ва амалӣ гардида, заминаи устувор барои ҳифз ва рушди он фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, «Стратегияи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» имконият медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мавқеи пешбари худро нигоҳ дорад. Амалисозии ин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ яке аз омилҳои асосии таъмини истиқлолияти комили забонӣ ба шумор меравад.

Рисолати ҳар шахси соҳибфазл он аст, ки бо истифодаи дурусти забон, тозагии истилоҳот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ба наслҳои оянда хизмат намояд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ на танҳо ба таҳкими ҷойгоҳи забони давлатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд, балки ба тарбияи ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ низ замина мегузорад. Маҳз тавассути чунин чорабиниҳо наслҳои оянда аз қадру манзалати забони модарӣ огоҳ гардида, рисолати онро ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва пояи бақои миллат бо масъулият ҳифз хоҳанд кард.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид