Байни Тоҷикистон ва Русия дар самти амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Октябрь 10, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр пас аз мулоқоти расмии сарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар Душанбе 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати алоқа, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи оммавии Русия   Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ёддошти тафоҳум ба масъалаҳои мубрами замони муосир, танзими истифодаи спектри радиобасомад, мубориза бо паҳншавии иттилооти ғайриқонунӣ дар интернет ва пешгирии зангҳои қаллобӣ ҳангоми расонидани хизматрасониҳои алоқа бахшида шудааст.

Ин иқдом метавонад амнияти иттилоотӣ ва эътимоди ҷомеаро ба муҳити рақамӣ тақвият бахшад. Ҳамзамон он барои ҳамоҳангсозии сиёсати ду давлат дар мубориза бо таҳдидҳои киберӣ ва ҷиноятҳои рақамӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Ба имзо расидани ин санад имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамкории худро на танҳо дар соҳаҳои иқтисодию низомӣ, балки дар ҷабҳаи нави амнияти иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ низ густариш диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд