Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

Октябрь 22, 2025 15:03

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯёни варзишгар вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд

Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мунир Сафарзода иброз дошт, ки дар донишгоҳ барои омӯзишу тамрини варзишгарон шароити зарурию инфрасохтори мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ин ба рушди қобилияти варзишии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Варзиш имрӯз ба унвони василаи муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию рафоқат байни ҷавонон ва  унсури муҳими пайвандсозу муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки «варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерую тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад».

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз арзишҳои миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Октябрь 22, 2025 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид