Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишии модулҳои таълимии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ гузаронида шуд

Октябрь 19, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 17 октябр тибқи нақшаи лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ (OFINU) -и Барномаи Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишӣ (пилотӣ)-и модулҳои таълимии дар асоси принсип ва ҳадафҳои таҳсилотии шакли муосири хизматрасонии таълимии донишгоҳӣ таҳияшуда, гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологӣ хабар доданд, дарсҳои моҳиронаи модулҳои таълимӣ аз ҷониби профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои шарикони лоиҳа аз Иттиҳоди Аврупо дар гурӯҳҳои таъсисдодашудаи аз ҳисоби донишҷӯёни шакли таҳсили рӯзона, шунавандагони беруна аз корхонаҳои саноатӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳо гузаронида шуданд.

Раванди озмоишӣ аз ду модули таълимӣ: «Технологияи коркарди шир» (модули технологӣ) ва «Интишори академӣ» (модули малакаҳои нарм) ба нақша гирифта шуда, зери роҳбарӣ ва назорати се устоди ботаҷриба аз Донишгоҳи илмҳои ҳаётӣ ва технологияҳои Латвия амалӣ шуданд. Омӯзгорони донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз Тоҷикистону Узбекистон дар ташкилу баргузор намудани дарсҳои назариявию амалӣ ва машғулиятҳои озмоишӣ саҳм гузоштанд.

Дар доираи машғулиятҳои модули таълимии «Технологияи коркарди шир» донишҷӯёни шакли таълимии донишгоҳи кушода бо фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» шиносоӣ пайдо намуда, дар раванди озмоиши таъми маҳсулоти тайёри ширӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ин раванд платформаи таълимии аз ҷониби шарикони лоиҳа таҳияшударо истифода бурданд, ки он дар рушди маҳоратҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани хизматрасонии муосири донишгоҳӣ, равандҳои таъмини сифат, алалхусус дар рушди касбии бевоситаи донишҷӯёну шунавандагони беруна ва омӯзгорон муассир аст.

Дар машғулиятҳои озмоишӣ шунавандагони беруна – намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла кормандони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саодат» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Осиё М» ҷалб шудаанд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд