Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад

Октябрь 20, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил прокуророни генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои муҳити марбут ба ҳамкории мақомотро баррарсӣ намоянд. Ҳамзамон дар доираи ин ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи прокурорҳои генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ ва «Истиқлол» шинос мешаванд. Инчунин дар барномаи консертии ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 20, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд