Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 3 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, баланд бардоштани савияи касбии кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар соли 2024 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҷаласа бо мавзеъҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои тиббии мамлакат шинос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори ҷаласаи 37-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 7 декабри соли 2024 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид ва мутобиқи Низомномаи он раисии Шуро дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






