Дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 8 то 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд. Дар ин рӯзҳо ташрифи меҳмонони зиёд аз хориҷи мамлакат дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайри рафтуомади меҳмонон маҳдуд карда мешавад.
Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.
Ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






