Дар Душанбе форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласа бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) идома дорад.
Дар доираи барномаи форум, ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда боғи ангури шаҳри Турсунзодаро тамошо намуданд.
Ин ҳамоиш ҳамчун минбари табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ниҳодҳои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ дар минтақа барои беҳбуди омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ хизмат мекунад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»






