Дар Душанбе масъалаи ҷамъоварии омори тандурустӣ дар доираи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкории ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хароҷоти саломатӣ аз рӯи таҳқиқоти буҷаи хонаводаҳо зимни вохӯрии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи гузаронидани таҳқиқоти васеи ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявӣ ва техникии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз гардид, ки ин таҳқиқот барои таҳияи сиёсати самараноки давлатӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар соҳаи тандурустӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Он ба Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд дар таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, хусусан барои табақаҳои осебпазир кумак мекунад.
«Ин таҳқиқот дар баробари таҳкими заминаҳои иттилоотӣ барои баҳогузории иҷрои ҳадафҳои миллии солимии аҳолӣ, инчунин мониторинги ҷараёни татбиқи санадҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва баҳодиҳии амалишавии индикаторҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» нақши муассир хоҳад дошт»,-таъкид гардид дар вохӯрӣ.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба тақвияти ҳамкории тарафайн дар самти ҷамъоварии маълумоти омори тандурустӣ дар доираи методология ва стандартҳои байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






