Дар мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД масоили амнияти дастҷамъӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами марбут ба назорати прокурорӣ ва амнияти дастҷамъӣ дар мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/ Имангали Тасмагамбетов дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни музокироти созанда ҷонибҳо самтҳои тақвияти ҳамкории байниидоравиро низ баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар соҳаи ҳуқуқӣ ба хотири муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои умумӣ дар минтақаи амнияти дастҷамъии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ равона карда шуд.
Дар мулоқот Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ташаббус ва нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабул ва татбиқи Барномаи байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуд.
Инчунин ба корҳои сохтмонию созандагӣ, навсозӣ ва мустаҳкамкунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.
Гуфта шуд, ки таҷҳизонидан ва тақвияти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон ба хотири татбиқи амнияти минтақавӣ вазифаи ҳар давлати Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






