Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и ноҳияи Ёвон маросими гузоштани хишти аввал ва оғози корҳои сохтмонии бинои иловагӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Бинои нав, ки аз 16 синфхона ва 12 утоқҳои корӣ иборат хоҳад буд, бо мақсади беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти васеъ барои хонандагону омӯзгорон сохта мешавад. Иншоот дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки баъди ба истифода додани ин иншоот муҳити таълимӣ боз ҳам муосиртар гардида, шумораи зиёди хонандагон ба шароити беҳтари таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Раиси ноҳия Икромиддин Вализода иброз дошт, ки таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва ояндаи фарзандони миллат нишонаи ғамхории хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои амалӣ сохтани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат, дастгирии хонандагон ва такмили инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои судманд меандешад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






