Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд дар ҳаҷми 141 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи марказӣ интиқол дода шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳашарҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 сентябри соли равон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баён доштанд, ба хотири беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, шоҳроҳҳо, маҳалли зист аз ҳар гуна партовҳо дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гузаронида шуданд.
Дар чорабиниҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» сокинони шаҳру ноҳияҳо, аҳолии ҷамоату деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо, дар маҷмуъ беш аз 6 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд. Ҳаҷми партовҳои баровардашуда 141 метри мукааб ва масофаи тозакардашуда 22 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил дод.
Дар доираи баргузории чунин ҳашарҳои экологӣ дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд бо ҷалби техникаҳои коммуналӣ ва борбардор партовҳо бартараф ва муҳити зист тоза карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






