Дастаи «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд

Октябрь 6, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе маротибаи  чаҳорум дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Пайрав Воҳидов дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз соли 2019 ба роҳ монда шуда, ҳар сол байни чемпиони мамлакат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аввалин маротиба  ин мусобиқа соли 2019 баргузор гардида, дастаи «Сипар» ғолиб омада буд. Солҳои минбаъда «Соро компания» ва «Истиқлол» бештар аз дигарон ба финали Суперҷом роҳ ёфта, бо ҳам рақобати шадид доштанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад