Дастаи «Соро компания» барандаи чоркаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и Душанбе маротибаи чаҳорум дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Пайрав Воҳидов дар бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз соли 2019 ба роҳ монда шуда, ҳар сол байни чемпиони мамлакат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аввалин маротиба ин мусобиқа соли 2019 баргузор гардида, дастаи «Сипар» ғолиб омада буд. Солҳои минбаъда «Соро компания» ва «Истиқлол» бештар аз дигарон ба финали Суперҷом роҳ ёфта, бо ҳам рақобати шадид доштанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






