ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид

Октябрь 4, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба аст, ки баланд бардошта мешавад.

Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Маҳз ба ин хотир ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин сана баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад.

Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ таъкид намуданд, «Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ якчанд имтиёз муқаррар намудааст». Ҳамчунин иброз доштанд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем».

Бояд гуфт, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз он бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас мебошад.

Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд.

Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумат мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа вазифадоранд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти дучанд эҳсос карда, меҳнати содиқона намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меорад
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Нақши он дар пешрафти иқтисоди рақамӣ чӣ гуна аст?
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Пешвоии стратегии Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муколамаи минтақавӣ: аз Эъломияи Хуҷанд то шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд