Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд

Март 31, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз 24 то 30 марти соли 2026 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ барои хонандагони синфҳои 3–11 баргузор шуд.

Дар ин сабқати бонуфуз, ки бо иштироки намояндагони 18 давлати ҷаҳон доир гардид, хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дастаи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 31 медали тилло, 56 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ гардид.

Ин дастоварди назаррас гувоҳи сатҳи баланди дониш, истеъдод ва омодагии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро дар Тоҷикистон ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидаанд.

Маҳз  ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёдтар иштирок менамоянд.

Ин дастовард нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар мегардад. Хонандагони тоҷик бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё оид ба фанҳои табиӣ-риёзӣ рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Март 31, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд