ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарбаландона ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади бошукуҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷавонони ноҳия бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва бо ифтихори баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намуданд. Онҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, азми худро барои хизмат ба Артиши миллӣ баён намуданд.
Иброз гардид, ки ҳифзи суботу амнияти мамлакат аз ҷавонони шуҷоъ, далер ва ватандӯст вобаста аст.
«Имрӯз Артиши миллӣ ба ҷавонони худогоҳу соҳибмаърифат ниёз дорад. Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавонмард қарзи муқаддас ва боиси ифтихор мебошад. Ҷасорат ва садоқати шумо кафолати амнияту оромии мамлакат аст», — гуфта шуд зимни маросими гусели даъватшавандагон.
Падару модарони даъватшавандагон низ ҷавононро ба иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуда, хизмат ба Ватанро нишонаи мардонагӣ ва шарафи миллӣ арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ба як гурӯҳ даъватшавандагон шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим гардид. Ҳамчунин бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба шаш ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ супорид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






