ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Суғд маросими гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

Октябрь 3, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Амфитеатри Қасри Арбоби вилояти Суғд маросими бошукуҳи гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Зимни маросими гусели даъватшавандагон иброз гардид, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои беҳсозии шароити хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Иброз гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳсозии шароити хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Шинг ва Саразми шаҳри Панҷакент, Адрасмон ва Зарнисори шаҳри Гулистон, Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ дар рӯзи якум нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

Артиши миллӣ имрӯз бо таҷҳизоту техникаҳои муосир таъмин буда, ҷавонони ватандӯст дар он дарси садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва ҳифзи марзу буми давлатро меомӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим – моҳҳои апрел–май ва октябр–ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 3, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд