«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар доираи форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Тоҷикистон баргузор гардид

Октябрь 14, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ Ховар/. Имрӯз дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт Намоишгоҳи молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ  ёфт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоишгоҳ молистеҳсолкунандагони тоҷик, яъне соҳибкорону сармоягузорон, корхонаҳою ширкатҳои саноатӣ молу маҳсулоташонро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати сабук, саноати вазнин, металлургия, хизматрасонии бонкӣ, алоқаи мобилӣ, бахши фармасевтӣ, тиббӣ ва дигар соҳаҳо ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ 100 ширкату корхонаи истеҳсолию саноатии мамлакат молу маҳсулоташонро таҳти тамғаи  «Made in Tajikistan»   ба намоиш гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз имрӯз то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои «сабз», рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи «сабз» ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад.

Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд