ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Октябрь 5, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин сана баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, инсонро аз хурдӣ тарбия менамоянд ва илм меомӯзонанд, ки ин кори осон нест.

АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи омӯзгорон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.

— Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ ба рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

***

Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд бардорем ва барои ӯ шароити мусоид, имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбияро муҳайё созем.

***

Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам мебошад. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии дили худро бе дареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад.

***

Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавоною соҳибтамаддун аст.

***

Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ  дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.

***

Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст.

***

Бо заҳмати дилсӯзонаю содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат бо шарофати фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад.

***

Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

***

Мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем.

***

Омӯзгор шахсе аст, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
САЙЁРАИ ЗАМИНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Замин
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ