Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад»
ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» иброз намуданд, ки «мавқеи стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба маркази калидии нақлиётӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад».
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки яъне долонҳои нақлиётию иқтисодии муосир аз тариқи ҳудуди Тоҷикистон давлатҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Чин мепайванданд.
Ба таҳлили коршиносон, Тоҷикистон дар яке аз чорроҳаҳои калидии Авруосиё воқеъ аст, ки метавонад пули пайвасткунандаи Чин ва давлатҳои дигари ҳамсояи минтақа бошад. Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавиаш ва бунёд намудани роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ яке аз долонҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Тоҷикистон барои муаррифӣ намудани мамлакат ба ҳайси қаламрави транзитӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, зеро имрӯз тавассути долонҳои нақлиётии байналмилалӣ, ба мисли роҳҳои мошингарди Осиё, ЕврАзЭС, ТРАСЕКА, ЦАРЭС, ЕС, ки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур мекунанд, ҳамлу нақли транзитӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Давоми 34-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ беш аз 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаҳои болотарро ишғол намуд, ки ин рушди соҳаи нақлиёти мамлакатро таҷассум намуд. 28 декабри соли 2024 Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард дар панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифта аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».
Ёдовар мешавем, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб ва якчанд шоҳроҳи байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд. Дар натиҷаи он Тоҷикистон ба қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






