ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо дастаи Малдив бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол нахустин бозии худро таҳти сармураббии нав Горан Стевановичи сербӣ анҷом медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «А» бо тими Малдив бозӣ мекунад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 октябр таҳти роҳбарии сармураббии нав Горан Стеванович нахустин тамринҳоро анҷом дод.
Машқҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, якуним соат идома карданд. Бисту ду бозингар дар тамринҳо иштирок намуданд. Фардо дарвозабон Рустам Ятимов ва ҳимоятгар Меҳрубон Каримов ба саф мепайванданд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев бо сабаби корти зарди зиёд доштанаш дар бозии аввал ба муқобили тими Малдив иштирок намекунад ва 8 октябр ба ҳайати дастаи миллии мамлакат ҳамроҳ мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






