ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар занон-ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ Диплом супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни маросими супоридани Диплом ба ғолибони лоиҳаҳо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Таҳлили лоиҳаҳои грантҳои президентӣ нишон медиҳад, ки занон малакаи баланди ташкили коргоҳҳои хурд ва эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ доранд. Ҳамзамон ҳиссаи занон дар бунёд ва рушди марказҳои хизматрасонӣ, иншооти истеҳсолӣ-иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойи нави кор назаррас аст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
«Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад»,-изҳор дошт Бунафша Файзиддинзода.
Бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мебаранд.
«Боварӣ дорем, ки ғолибони озмуни имсола маблағҳои грантиро мувофиқи буҷети пешниҳодшуда мақсаднок истифода карда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд»,-гуфта шуд дар маросими дипломсупорӣ ба ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон зимни мулоқот бо занони мамлакат хотирнишон намуданд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз воситаҳои баланд бардоштани имконоти иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.
Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2024 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз соли 2011 то соли 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок ҷудо карда мешуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 480 нафар занони мамлакат маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар умум дар ин давра беш аз 6200 нафар занони хонанишин бо ҷойи нави кор таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар ин давра Қобиламоҳ Ғуломшоева аз ноҳияи Рӯшон барои таъсиси қаҳвахонаи этнографӣ барои сайёҳон 40 ҳазор сомонӣ, Марҳаматнисо Атобекова аз шаҳри Хоруғ барои таъсиси корхонаи қаннодӣ ва таъмини 20 нафар занони имконияташон маҳдуд бо ҷойи кори доимӣ 40 ҳазор сомонӣ, Буфатима Турганбаева аз ноҳияи Мурғоб дар самти рушди ҳунармандӣ, ки бо дӯхти либоси мактабӣ ва либоси соҳаҳои мухталифи ҳудуди ноҳия 20 зани хонанинишинро бо кор таъмин намудааст, 45 ҳазор сомонӣ дастрас намуда, аз маблағҳои гранти президентӣ бархурдор гардиданд.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.
Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ барои доираи фаъолияти соҳибкории занон имконияти бештар фароҳам овардааст. Ин аст, ки теъдоди занони соҳибкор рӯз ба рӯз меафзояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






