Хонандагони Хуҷанд ба омӯзиши нозукиҳои илми робототехника ва зеҳни сунъӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 октябр дар Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мутахасисони варзидаи хориҷӣ оид ба азхудкунии нозукиҳои илми робототехника ва зеҳни сунъӣ (AI) машварати омӯзишии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Машварат дар асоси қарордоди ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехникии «Роботек» -и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Дар ин чорабинии муҳими таълимӣ беш аз 20 хонандаи Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» ва омӯзгорон иштирок намуданд.
Тибқи иттилои директори Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода, омодасозии хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар самти робототехника ва зеҳни сунъӣ (AI) аз ҳадафҳои асосии машварати омӯзишӣ буд.
Дар соли таҳсили 2025-2026 дар давлатҳои Италия, Амрико, Сингапур ва Қазоқистон баргузории олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ оид ба робототехника дар назар дошта шудааст.
Машварат ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои амалӣ равона гардида, тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагонро рушд медиҳад.
Ин машварат иқдоми муҳим дар самти татбиқи «Барномаи давлатии рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» мебошад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






