«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 13 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт

Октябрь 1, 2025 18:16

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 13 нафар довталабон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври шаҳрии озмун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи довталабон баргузор гардид. Дар он 5 омӯзгор, 1 докторанти PhD ва 15 донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дониш ва маҳорат санҷиданд. Аз байни онҳо 13 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба густариши тафаккури илмӣ-техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани завқи навоварию ихтироъкорӣ ва пайвастани илм бо истеҳсолот равона гардидааст. Ҳамзамон он муҳити созгорро барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ ва дақиқ фароҳам оварда, дар кашф ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон саҳми назаррас мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо мақсади татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) баргузор мегардад.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 1, 2025 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид