Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид

Октябрь 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои  вазъи хизматрасонии почта дар Тоҷикистон, имконияти нави логистикӣ, истифода аз технологияи муосири хизматрасонӣ, бахусус гузариш ба нақлиёти гуногунсохти барқӣ зимни вохӯрии  директори Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» бо гурӯҳи намояндагони ширкати машваратии «AETS»-и Фаронса баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» хабар доданд.

Иброз гардид, ки дар доираи Барномаи кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои Лоиҳаи миллии ҳаракати барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони ширкати машваратии «AETS»-и Фаронса бо шароит ва имконияти мавҷуда дар муассисаҳо ва идораҳои дахлдор шинос шуда, барои ташаккули ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Инчунин дар вохӯрӣ ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии идораҳои почта бо нақлиёти барқии гуногунсохт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт ба баланд гардидани фаврият ва сифати хизматрасонии почтавӣ мусоидат менамояд.

Ҷонибҳо ба нақшаҳои пешниҳодгардида дар самтҳои афзалиятнок баҳои баланд дода, зарурати таҳкими ҳамкориро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба шарикони рушд иттилоъ дода шуд, ки имрӯз тавассути Почтаи Тоҷикистон ба 192 давлати дунё мактубҳо ва дигар молу маҳсулот ирсол мегардад.

АКС:  Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон»

Октябрь 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид