Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD» ба анҷом мерасад

Октябрь 3, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD», ки 1 октябр оғоз гардида буд, корашро ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, мақсади асосии баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD» дарёфти шарикони нави ҳамкор, ворид намудани навгониҳо дар самти сохтмон ва ороиши биноҳои истиқоматӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, хамчунин мубодилаи мол байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳибкории ватанӣ дар самти сохтмон мебошад.

Аз соли 2022 то инҷониб соли чорум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи ширкати «TajBuld» Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TAJBUILD»-ро доир менамояд.

Намоишгоҳ се рӯз: аз 1 то 3 октябр амал намуда, дар он зиёда аз 50 ширкату намояндагии корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла  соҳибкорони муваффақ аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Туркия ва корхонаҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuld -2025» аз шаш қисмат- маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизот, техникаҳои махсус, механизмҳо, асбоб, либосҳои махсуси соҳавӣ иборат мебошад. Дар намоишгоҳ беҳтарин дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсуси соҳавӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild -2025» дар татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе саҳми муносиб мегузорад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд