Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 18, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд дар водиҳо ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 10+12 дараҷа ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 18, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имконияти рушди хизматрасонии почта дар Тоҷикистон бо истифодаи нақлиёти барқӣ баррасӣ гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сулҳи Фарғона дар Узбекистон иштирок намуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад