ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд

Октябрь 16, 2025 11:37

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 октябр дар  Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана бо мақсади муаррифии дастовардҳои соҳаи кино дар замони соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангию таърихӣ ва инъикоси анъанаю расму оинҳои миллӣ ба воситаи кинои ватанӣ қабул карда шудааст. Дар робита ба ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён мусоҳиба анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Дар оғоз мехостам вобаста ба рушди кинои тоҷик ба хонандагони мо маълумот медодед. Имрӯз ҳолати кинои тоҷикро дар маҷмуъ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Рушди соҳаи кинои миллӣ  таҳти  таваҷҷуҳу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешрафти  он тадбирҳои мушаххас меандешад. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кино ва тақвияти нақши он дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа, махсусан тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат якчанд санади муҳим, аз ҷумла қарорҳо ва барномаҳои давлатии рушд қабул ва амалӣ карда мешаванд. Имрӯзҳо истеҳсол ва таҳияи филмҳои муосири ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ ва филмҳои бачагона дар мамлакат афзоиш ёфта, шумораи онҳо нисбат ба солҳои пешин назаррас аст.

мақсади баланд бардоштани сифати филмҳо ва ҷавобгӯ сохтани он ба талаботи замони муосир соҳаи кино пайваста бо мутахассисону кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти техникии муосири филмбардорӣ таъмин мегардад. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи он аст, ки соҳаи кинои миллӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ворид гардида, дар ҳифз ва инъикоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷик нақши муҳим мебозад.

Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» амал мекунад, ки  барои рушди инфрасохтори соҳа, тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва фаъолияти самараноки кинои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»: Соли равон Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кадом филмҳо ё лоиҳаҳои навро ба тамошобинон пешниҳод намуд?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Бо мақсади рушди соҳаи кино ва инъикоси арзишҳои фарҳангию таърихии миллат Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2025 якчанд филмҳои ҳунарӣ, мустанад, кӯтоҳ ва тасвириро таҳия ва пешниҳоди тамошобинон намуд. Истеҳсоли ин филмҳо бозгӯи рушди воқеии кинои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аст. Соли равон 4 филми ҳунарии пурра таҳия гардид. Аз ҷумла, филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчил» ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шуда, саҳми мардуми тоҷикро дар майдони ҷанг ва нақши онҳоро дар ақибгоҳ ба таври воқеъбинона инъикос намудааст. Филми «Хоби сурх» гуфтугӯи наслҳо, парастории волидайн, арзишҳои соҳибистиқлолии мамлакат, илму маориф ва дигар масоили рӯзро қисса мекунад. Филми муштараки Тоҷикистону Русия «Пайроҳаи хашм» воқеаҳои муосирро инъикос намуда, ба тамошобин паёми дӯстӣ ва таҳаммул мерасонад. Филми муштараки Тоҷикистону Эрон «Моҳӣ дар шаст» муносибати байни волидайну фарзандон ва таъсири дур мондан аз меҳри модар дар тарбияи кӯдаконро намоиш медиҳад.

Инчунин соли равон 7 филми мустанад омода ва пешниҳоди тамошобинон карда шуд. Филми «Ҳофизи Шерозӣ – пайвандгари тамаддунҳо», «Ҷозибаи Вахш», «Абуалӣ ибни Сино», «Қаҳрамони Тоҷикистон — Бобоҷон Ғафуров», «Қалъаи Хуҷанд», «Шеруя Шаҳболшоев – созтарош ва оҳангсози асл» ва «Ошёни об» аз ҷумлаи филмҳое мебошанд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва раёсатҳои он дар вилоятҳо таҳия карда шуданд.

Дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» филмҳои кӯтоҳи «Наврас» ва «Нахудак» ба навор гирифта шуданд. Ин филмҳо мушкилоти равонии наврасон ва аҳаммияти дастгирии иҷтимоии онҳоро инъикос мекунанд, мазмуни онҳо аз афсонаҳои халқи тоҷик гирифта шуда, барои кӯдакон таҳия гардидаанд.

АМИТ «Ховар»: Имсол кадом филмҳои истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардиданд?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Имсол якчанд филми тоҷикӣ аз Тоҷикистон дар фестивалҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилалии «Авруосиё» сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» гардида, дар Синамоҷашнвораи шаҳри Бишкек Дипломи ҷашнвораро ба даст овард, дар Синамоҷашнвораи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай — «Камелияи тиллоӣ» сазовори «Ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон» гардид. Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали 37-уми байналмилалии кӯдакон ва наврасони Исфаҳон дар номинатсияи филмҳои ҳунарии пурраметражи байналмилалӣ «Ҷоизаи хоссаи котиби фестивал»-ро ба даст овард.

Ин ҳама муваффақият бозгӯи он аст, ки кинои тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо карда, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.

АМИТ «Ховар»:  Яке аз ҳадафҳои «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»  омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Мегуфтед, ки тибқи  ин барнома ҷавонони ҳунарманди соҳа чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Яке аз самтҳои муҳими татбиқи  «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» тарбия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи кинои миллӣ мебошад. Дар ин замина бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Агентии федералии Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) барои довталабон аз Тоҷикистон коргоҳи махсуси ҳунарпешагӣ таъсис дода шудааст.

Дар марҳилаи аввал соли 2024 аз Тоҷикистон 15 нафар ҷавонони соҳибзавқ тавассути бурсияҳои таълимӣ имкони таҳсил дар ин донишгоҳро пайдо намуданд. Ин иқдом ба рушди неруи инсонӣ дар соҳаи кинои миллӣ мусоидат карда, барои боло бурдани мақому манзалати кинои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар баробари ин Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» омода аст, ки ҷавонони соҳибистеъдод ва дорои завқи киноофариро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Солҳои охир тавассути татбиқи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» филмҳои зиёде аз ҷониби ҷавонон таҳия ва бо маблағгузории давлатӣ ба навор гирифта шуданд. Мо ҳамчун сохтори масъул дар самти рушди кинои миллӣ кӯшиш дорем, ки барои ҷавонони эҷодкор, ки дорои идея ва завқи баланди киноофарӣ ҳастанд, шароити мусоид муҳайё намоем. Имрӯз аксари филмҳои кӯтоҳметраж ва мустанаде, ки аз ҷониби ҷавонон таҳия мешаванд, дар доираи «Барномаи рушди кино» маблағгузорӣ мешаванд. Дастгирии ҷавонон на танҳо дар самти молиявӣ, балки дар шакли омӯзиш, машварат, ҷалби мураббиёни варзида ва фароҳам овардани таҷрибаомӯзӣ дар лоиҳаҳои бузурги соҳаи кино низ ба роҳ монда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар соҳаи кинои миллӣ кадом мушкилот бештар ба назар мерасанд-масъалаи маблағгузорӣ, норасоии мутахассисон ё набудани бозори фурӯш ва паҳнкунии филмҳо?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Дар айни замон дар соҳаи кинои миллӣ мушкилоти нарасидани мутахассисони касбии соҳа ба назар расида, солҳои минбаъда ин мушкилот ҳам роҳи ҳалли худро меёбад. Солҳои охир тавассути бурсияҳо ва ҳамкории байналмилалӣ гурӯҳи ҷавонони лаёқатманд ба донишгоҳҳои бонуфузи соҳаи кино ҷалб гардидаанд. Аммо шумораи мутахассисони баландихтисос, бахусус дар самтҳои коргардонӣ, сенариянависӣ, муҳаррирӣ ва бахусус соҳаи аниматсия ҳанӯз басанда нест. Мо барои ҷалби мутахассисони варзида ва тарбияи кадрҳои нав тадбирҳои ҷиддӣ меандешем.

АМИТ «Ховар»: Арзишҳои миллӣ дар филмҳои тоҷикӣ то чӣ андоза инъикос   шудаанд? Зеро коршиносони соҳа яке аз роҳҳои шинохти кинои миллиро дар сатҳи байналмилалӣ- сар карда аз сару либоси миллӣ то риояи расму оин ва анъанаҳои халқи тоҷик медонанд.

Маҳмадсаид Шоҳиён: Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доштанд ва доранд. Аз рӯзҳои аввали пайдоиши кинои миллӣ муаррифии фарҳанг, расму оин, забон ва ҷаҳонбинии халқи тоҷик яке аз ҳадафҳои асосии киноофарони мо буд. Хушбахтона, имрӯз низ ин раванд идома дорад. Дар аксар филмҳое, ки солҳои охир аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ё бо дастгирии он таҳия шудаанд, мо талош мекунем сару либоси миллӣ, мусиқии анъанавӣ, суннатҳои мардумӣ, урфу одат ва тарзи зиндагии халқи тоҷикро ба таври муассир инъикос намоем. Зеро маҳз ҳамин ҷузъиёт ҳастанд, ки симои миллии филмро ташкил медиҳанд ва кинои моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ месозанд.

Ҳар қадар филмҳои мо дорои мазмун, услуб ва завқи баланди миллӣ бошанд, ҳамон андоза имкони онҳо барои пазируфта шудан дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва шинохта шудан дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар мегардад. Аз ин рӯ мо на танҳо ҳангоми таҳияи филмҳо, балки дар марҳилаи таҳияи сенария низ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳем.

Итминон дорем, ки кинои тоҷик бо пос доштани ҳувияти фарҳангии хеш метавонад на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи сазовор пайдо кунад.

АМИТ «Ховар»: Дар охир мехостам доир ба ҳамкории байналмилалӣ иттилоъ диҳед. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Маҳмадсаид Шоҳиён: Бо мақсади табодули таҷриба, густариши равобити фарҳангӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар соҳаи кино солҳои охир Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо муассисаҳои филмофарии давлатҳои хориҷӣ якчанд созишнома ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Аз ҷумла, бо Гурӯҳи филмофарии «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез сармоя», ширкати филмофарии «Корномаи Дубай» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Инчунин Киностудияи миллии «Беларусфилм» -и Ҷумҳурии Беларус, Агентии давлатии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон — оид ба таҳияи филми муштарак, Иттиҳоди давлатии «Туркманфилм» ба номи Оғузхони Туркманистон, Созмони умури киноӣ ва маводи аудиовизуалии Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо телевизиони «ifilm»-и Эрон ва ширкати «Амкарт»-и Федератсияи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Дар маҷмуъ, то имрӯз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо 12 кишвари дунё ҳамкорӣ ба роҳ монда, таҳия ва наворбардории филмҳои муштаракро фаъолона амалӣ менамояд.

Дар айни замон дар ҳамкорӣ бо филмофарони Ҷумҳурии Узбекистон наворбардории филми ҳунарии муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» идома дорад. Ин филм ба зиндагӣ ва дӯстии ду чеҳраи барҷастаи фарҳанги тоҷику узбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст. Интизор меравад, ки ин филм бо сифати баланд ва мазмуни амиқ дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардад.

Итминон дорем, ки дар доираи баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20 октябр дар Тоҷикистон баргузор мегардад, созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд