Кишоварзони ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд

Октябрь 13, 2025 14:06

ДУШАНБЕ, 13.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуда, то имрӯз 10 ҳазору 700 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар байни 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон то имрӯз панҷ шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дӯстӣ, Ёвон ва Данғара нақшаи пахтаро пурра иҷро намудаанд.

Нақшаи 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон имсол 254 ҳазору 300 тонна мебошад. То имрӯз 202 ҳазор 592,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 80 дарсади нақшаи солона баробар мебошад.

Рушди соҳаи пахтакорӣ пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти боз ҳам бештар касб намуд. Барои таъмини  корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом истеҳсоли пахта бояд сол ба сол зиёд гардад.

Зеро аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ  гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400  метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ 100-120  кило равған, тақрибан 270  кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.

Рушди соҳаи пахтакорӣ афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат, хусусан саноат таъсири мусбат мерасонад. Барои гирифтани ҳосилнокии зиёд бояд аз таҷрибаи бисёрсолаи илмӣ истифода намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 13, 2025 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд