Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо намуданд

Октябрь 13, 2025 14:59

 ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Русия («Росреестр») Созишнома оид ба ҳамкорӣ бо мақсадҳои рушд ва ғанӣ гардонидани Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар доданд.

Созишнома 9 октябр дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия ба имзо расонида шуд.

Мақсади асосии имзои созишнома мусоидат ба рушди Геопортали инфрасохтори маълумоти фазоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин мубодилаи маълумоти фазоӣ ва дигар маълумоти ошкоро мебошад.

Дар доираи ин созишнома баргузории  чорабиниҳо бо мақсади рушди минбаъдаи Геопортал ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Геопортали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — ин низоми иттилоотие аст, ки намоиш, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди иттилооти фазоиро ба манфиати шаҳрвандон, соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ таъмин мекунад. Он инчунин барои дастрасӣ ба чор хизмати электронӣ ҷиҳати ҳалли вазъияти мушаххаси зиндагӣ дар соҳаҳои туризм, маориф, сармоягузорӣ ва шуғл шароит фароҳам менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2025 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард