Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ дар Чин соҳиби Ҷоизаи аъло гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Абдулло Мамадамон таҳти унвони «Баланд бардоштани самаранокии системаҳои нақлиётӣ ва кам кардани таъсир ба муҳити зист: Таҳқиқот оид ба таҷҳизоти гидравликӣ ва ҷузъҳои автомобилӣ» дар Озмуни байналмилалии инноватсия ва соҳибкории «Хайҷзи» дар Осиёи Шимолу Шарқӣ бо Ҷоизаи аъло (Excellence Award) сарфароз шуда, соҳиби сертификати озмун гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, озмун аз 23 то 26 октябр дар Парки саноатии иқтисоди рақамии шаҳри Шеняни Чин таҳти унвони «Ҷамъомади зеҳнӣ дар Ляонин ва Шенян — бунёди орзуҳо барои оянда» баргузор шуд.
Беш аз 320 лоиҳа аз 29 давлат дар нуҳ самти муҳими саноатӣ, аз ҷумла биотиб, робототехника, технологияҳои иттилоотии нав, маводҳои нав, сарфаи энергия ва ҳифзи муҳити зист, энергияи нав ва қисмҳои автомобилӣ пешниҳод гардид.
Дар даври ниҳоӣ, ки бо ҳузури 22 даста аз 15 мамлакат тариқи ҳузурӣ ва 28 даста ба таври маҷозӣ доир гардид, намояндагон лоиҳаҳои худро оид ба навовариҳои техникӣ, аҳамияти саноатӣ ва имконияти татбиқи амалии онҳо муаррифӣ намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ









Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






