Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Машқҳои муштараки Неруҳои сулҳҷӯёнаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Бародарии шикастнопазир-2025», тамринҳои махсус бо воҳидҳои муҳофизатӣ ва дастгирии тиббии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Монеа-2025» ва машқи муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» дар машқгоҳи Фахробод ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар давоми машқҳои амалӣ қисму воҳидҳои низомӣ амалиёти шартии сулҳҷӯёнаро дар қаламрави як давлати аъзои СААД анҷом доданд ва вазифаҳоро барои нигоҳ доштани оташбас байни тарафҳои даргир, инчунин таъмини риояи шартҳои оташбас иҷро карданд.
Дар минтақаи масъулияти худ ҳайатҳои иштирокчии амалиёти сулҳҷӯёна патрулҳои мобилӣ ва пиёдагардро ташкил карда, нуқтаҳои назоратӣ ва марказҳои қабули паноҳандагонро посбонӣ ва тақвият доданд. Онҳо ташкили хидматрасонӣ дар минтақаҳои дурдасти куҳистон, пешгирии ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ ба нуқтаи назоратӣ ва нобуд кардани ҳавопаймоҳои бесарнишини душманро бо истифода аз системаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ нишон доданд.
Қувваҳои муштараки дифоӣ ва дастгирии тиббии кишварҳои аъзои СААД, аз ҷумла низомиёни тоҷик дар рафти тамринҳо амалҳоеро иҷро карданд, ки ба бартараф кардани манбаъҳои таҳдиди биологӣ ва таъмини амнияти биологии неруҳои сулҳҷӯёна нигаронида шудаанд.
Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ барои озод кардани гаравгонон, безарар намудани террористон дар фурудгоҳ ва дар бинои маъмурӣ аз матлаби асосии машқҳои муштарак ба ҳисоб мерафт.
Дар ин марҳилаи размоишҳои мазкур Қӯшунҳои дохилӣ дар бастани минтақаи гирдиҳамоӣ, маҳдуд кардани минтақаи нооромиҳо, таъмини амнияти шаҳрвандон ва бинову иншооти зарурӣ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Ҷузъу томи Қувваҳои Муттаҳида вазифаҳои худро дар тамрингоҳ оид ба кӯчонидани шаҳрвандони осоишта, расонидани кумаки башардӯстона ва ҳамроҳӣ кардани корвонҳоро муваффақона иҷро намуданд.
Дар рафти машқҳо воҳидҳо ҳамла ба корвони башардӯстонаро пешгирӣ карда, кумаки тиббӣ, аз ҷумла ёрии таъҷилии ҳавоӣ расониданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар машқҳои «Бародарии шикастнопазир-2025» низомиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.
Аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои мазкур асосан ҷузъу томи навъҳои қӯшун, воҳидҳои кӯҳиву ҳамлаовари десантӣ, баталйиони сулҳҷӯёна, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҷузъу томи таъминоти тиббӣ ва дигар қисму воҳидҳо иштирок намуданд. Дар ин машқҳо ҳайати шахсии дигар сохторҳои қудративу низомии кишвар иштироки фаъолона доштанд. Дар маҷмуъ, шумораи умумии иштирокчиёни машқҳои мазкур тақрибан 1500 нафар ҳайати шахсӣ, зиёда аз 200 техникаи ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар бар мегирифт.
Машқҳои муштараки ҳарбӣ, ки ташкилу баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, дар сатҳи баланд ва бо иҷрои муваффақонаи вазифаҳои ҷангиву хизматӣ аз ҷониби иштирокчиёни он ҷамъбасту натиҷагирӣ карда шуд.
Ҷамъбасту натиҷагирии марҳилаҳои ниҳоии машқҳои муштарки ҳарбии «Бародарии шикастнопазир-2025» бо иштироки Котиби Шурои амнияти ҷумҳурӣ, вазири мудофиаи мамлакат, сардори ситоди муштараки СААД, намояндагони низомии кишварҳои иштирокчӣ ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Дар ин қисмат вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини ҳифзи суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи мардум котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон сухан гуфта, ҳамаи иштирокчиёни машқҳо ва ҳайатҳои низомии давлатҳои аъзои СААД-ро ҷиҳати иштирок дар машқҳо ва бо муваффақият иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда табрик намуд.
Таъкид гардид, ки мо дар роҳи сулҳ шарики ҳампаймонем ва барои иҷрои уҳдадориҳои муҳими байналмилалии худ дар ин самт доимо омода мебошем.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзодазимни суханронӣ машқҳои мазкурро, ки баёнгари ҳамкориву ҳамгироии муштарак ва дастҷамъонаи давлатҳои аъзои СААД мебошад, дар таъмини амнияти минтақа муҳим арзёбӣ кард.
Иброз гардид, ки дар шарити рӯзафзуни вазъи геополитикии замони муосир неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳо, шарикони боътимод ва созмонҳои минтақавию байналмилалиро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳамгироии муштарак дошта бошанд, то сулҳи пойдор дар минтақа ва ҷаҳон барои ҳамешагӣ таъмин бошад.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов низ зимни суханронӣ аз анҷоми бомуваффақонаи машқҳои муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025» таъкид карда, ин тадбири муҳими амниятиро нишонаи возеҳи ҳамкории дастҷамъона ва омодагии муштарак дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои эҳтимолии замони муосир арзёбӣ намуд.
Зимни суханронии сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Андрей Сердюков таъкид карда шуд, ки сарони давлатҳои ин Созмон ҷиҳати рушди неру ва тавонмандии низоми амнияти дастҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони ҳозира ҳама чораҳои заруриро меандешанд.
Баргузории машқҳои имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки ҳайатҳои мо барои иҷрои вазифаву уҳдадориҳои дастҷамъонаи худ бо масъулияти баланд омодагии ҳамешагӣ доранд.
Дар идома бахшида ба ҷамъбасти муваффақонаи машқҳо ҳайати шахсии иштирокчиёни он дар фазои тантанавӣ бо медалу ифтихорномаҳои давлатҳои иштирокчӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамин тавр машқҳои муштараки ҳарбии «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025», ки аз 14 то 24 октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон идома ёфтанд, бо садо додани Сурудҳои миллии давлатҳои аъзои СААД ва гузашти низомии афсарону сарбозони иштирокичии размоишҳои навбатӣ ҷамъбаст карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд






