Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия мулоқот намуд

Октябрь 10, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр вохӯрии фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода бо директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия (Росгвардия) Виктор Золотов доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои истиқболи директори Хадамоти Федералии қӯшунҳои Гвардияи миллии Федератсияи Русия дар майдони сафороии пойгоҳи низомӣ баталиони қаровули фахрии Гвардияи миллӣ саф ороста шуд. Баъд аз истиқболи гарму самимӣ тибқи анъанаи низомиён ва арзи эҳтиром афсарону сарбозони баталиони қаровули фахрӣ аз назди минбари ифтихорӣ, ки ҳайати фармондеҳии сохторҳои бонуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия қарор доштанд, гузашти низомӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода иброз намуд, ки «боиси хурсандист, ки ҳамкории мутақобили судманди сохторҳои низомии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти ду давлати дӯст ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир боз ҳам тақвият ёфта, дар ин замина натиҷаҳои назаррас ба даст хоҳад омаданд».

АКС: Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд