Муҳиддин Асадуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар Перу сазовори медали тилло гардид

Октябрь 7, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Лимаи Перу сазовори медали тилло  гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар финали мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев бар ҷудочӣ Рюсей Аракава ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Муҳиддин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар мусобиқа 463 ҷудочӣ  (245 писар, 218 духтар) аз 65 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 ҷудочӣ иштирок доранд. Икром Шамсов дар вазни 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кг, Эҳсон Сафарзода дар вазни 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг намояндаҳои Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 7, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд