Мутахассисони тоҷик дар чорабинии Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд чорабинии сатҳи баланди Маркази байналмилалии омӯзиш ва тадқиқоти ҳифзи мерос (ICCROM) таҳти унвони “CollAsia–2025: Мушоҳида, ҳуҷҷатгузорӣ ва ташхиси коллексияҳо” баргузор шуд, ки дар он мутахассисони тоҷик иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.
Ҳамоиш ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории осори фарҳангӣ, мубодилаи таҷрибаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ бахшида шуда, дар он мутахассисон аз Тоҷикистон, Корея, Мексика, Испания, Италия, Белгия, Булғористон, инчунин намояндагони муассисаҳои фарҳангиву илмии Эквадор, Гурҷистон, Ҳиндустон, Малайзия, Малдив, Қирғизистон, Филиппин, Таиланд ва Ветнам иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фаридун Кенҷазод бо истифода аз либоси миллӣ, туҳфаҳои хотиравии дорои унсурҳои миллӣ ва рунамо, таърих ва фарҳанги ғании миллати тоҷикро байни намояндагони беш аз 15 давлати ҷаҳон дар сатҳи шоиста муаррифӣ намуд.
Иштироки мутахассисони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ имконият фароҳам меорад, ки робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо марказҳои пешқадами ҷаҳонӣ боз ҳам густариш ёбанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






