Намунаи либосҳои тоҷикӣ дар чорабинии фарҳангии кишварҳои Осиё дар Корея намоиш дод шуд

Октябрь 3, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар шаҳри Гванҷу барномаи  фарҳангии кишварҳои Осиё, ки аз ҷониби Бунёди Корея ва Маркази  фарҳангии Осиё созмон дода шудааст, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намунаи либосҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, зимни намоиши муд, тарроҳ  Вайс Асоев намунаи либосҳои тоҷикиро пешкаши иштирокдорон намуд.

Дар чорчӯби чорабинӣ Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо Директори иҷроияи Маркази фарҳангии Осиё Ким Сангуг мулоқот намуд.

Ҷонибҳо мавзуъҳои тавсеаи минбаъдаи  ҳамкории фарҳангиро, тавассути баргузории  чорабиниҳои фарҳангии муштарак баррасӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Октябрь 3, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд