Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо дар синни 83 аз дунё даргузашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо аз зумраи нависандагони сермаҳсули адабиёти муосири тоҷик буда, бо офаридани асарҳои баландпоя дар байни аҳли илму адаби тоҷик ва хонандагон маҳбубияти хосса дорад. Асарҳои офаридаи ӯ хазинаи гуҳарбори адабиёти муосири тоҷикро боз ҳам бештар ғанӣ гардонидаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст.
Нависанда аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овард. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш – қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд.
Маҷмуаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» (2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пайи ҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардониданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






