Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат

Октябрь 9, 2025 11:56

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии 8 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

9 октябр маросими бошукуҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом ороста шуда буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат 09.10.2025

Октябрь 9, 2025 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд