Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 20, 2025 12:45

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.

Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд.

Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.

Санги асоси ин 3 корхона ва шаҳраки саноатӣ низ, ки дар муҳлати начандон зиёд ба кор омода шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.

Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.

Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад.

Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад.

Тавре зикр гардид, ҳоло ҳамасола беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошин ва серанит ба Тоҷикистон аз беруни кишвар ворид мешавад ва акнун зиёда аз 65 дар сади талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона қонеъ карда мешавад.

Дар корхонаи сафолаку кошин ва серанит, ки маҳсулоташ бо тарҳу намои гуногун ва нақшу нигори миллию ҷаҳонӣ ороиш дода мешавад, аз 11 намуд ашёи хом истифода мегардад, ки ҳама аз дохили кишвар бо харҷи нисбатан кам дастрас мешавад ва ин омил боиси коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулот ва арзон шудани нархи он дар бозор мегардад.

Корхонаи мазкур бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизот ва техникаи муосири истеҳсолии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгуй маҷаҳҳаз гардонида шуда, дар тамоми хатти истеҳсолот технологияи муосири рақамӣ истифода мешавад.

Арзиши сохтмону омодасозии танҳо ҳамин корхона 500 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Корхона ташхисгоҳи худро дорад, ки дар он, аз ҷумла 40 зану духтар бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта сифати ҳам ашёи хом ва ҳам маҳсулоти тайёр ва мутобиқати онро ба талаботи стандартӣ санҷиш мекунанд. Дар ин ташхисгоҳ, ҳамчунин, имкон аст, ки тамоми маъданҳои кӯҳии дигар низ санҷида шаванд.

Корхонаи дуюм, ки ба кор дароварда шуд, ба истеҳсоли хишти сабук (газоблок) нигаронда шуда, бо харҷи 150 миллион сомонӣ омода шудааст.

Хишти сабуки корхона пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, аз хишти маъмулӣ се маротиба сабуктар аст ва ҳамчунин, садо ва гармию сардиро намегузаронад. Ба сифати ашёи хом дар истеҳсоли хишти сабук асосан оҳак истифода мешавад.

Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ ворид гардида, маҳсулоташ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй аст.

Ин намуд хишти сабук низ ивазкунандаи воридот аст ва оянда ба содирот ҳам равона хоҳад шуд.

Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона баробар ба 250 ҳазор метри мукааб хишти сабук аст, ки беш аз 30% талаботи шаҳри Душанберо қонеъ менамояд.

Хишти сабуки ин корхона дар оташ намесӯзад, гармию хунукиро намегузаронад ва арзиши аслиаш паст ва нархи фурушаш ҳам нисбатан арзону дастрас аст.

Корхонаи сеюм, ки дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд ёфтааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.

Корхона бо харҷи 100 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он 80 ҳазор тонна оҳак дар як сол мебошад.

Истеҳсоли оҳак ба таври экологӣ ва безарар ба роҳ монда шуда, он дар корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла дар бахши металлургия ва ҳам дар истеҳсоли хишти сабуки сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад.

Маҳсулоти ҳарсе корхонаи фаъолшуда ивазкунандаи воридот, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва ҳам нисбат ба нархҳои имрӯзаи бозор арзон аст. Аз ин хотир, соҳибкорону истифодабарандагони маҳсулот метавонанд ба ин ширкатҳои ватанӣ муроҷиат намоянд.

Пас аз ба кор даровардани 3 корхона ва шиносоӣ бо маҳсулоти онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 корхонаи дигари саноатии ҶДММ Кристалл Грин Гласс санги асос гузоштанд, ки ҳарсе бо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои муосир ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва содиротӣ машғул хоҳанд шуд. Сохтмони ин 3 корхона дар муҳлати якуним сол ба анҷом бояд расад.

Ҳарсе корхона, ки яке барои истеҳсолу ғанигардонии квартс, дувумӣ шишаҳои панелӣ ва сеюмаш барои тавлиди зарфҳои шишагӣ пешбинӣ шудаанд, як силсилаи ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, зеро аз маҳсулоти ҳамдигар дар раванди истеҳсолӣ истифода мекунанд.

Корхонаҳо басо калонҳаҷм хоҳанд буд, зеро онҳо бо харҷи наздики 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ омода хоҳанд шуд.

Барои бунёди корхонаи квартс 150 миллион сомонӣ, корхонаи панелҳои шишагӣ 650 миллион сомонӣ ва корхонаи зарфҳои шишагӣ 380 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд, ки ҳама маблағҳои соҳибкорони ватанӣ аст.

Ҷойи зикри хос аст, ки корхонаи истеҳсол ва ғанигардонии квартс, ки маҳсулоташ дар бахшҳои гуногуни истеҳсолию технологӣ истифода хоҳад шуд, бори нахуст дар Тоҷикистон бунёд меёбад. Ин корхона боиси воридшавии кишвар ба марҳилаи сифат нави технологӣ хоҳад шуд, зеро квартси ғанигардондашуда дар истеҳсоли намудҳои гуногуни шиша, сафол, олоти барқӣ ва электронию оптикӣ, линзаҳои баландсифат, генераторҳои ултрасадо, таҷҳизоти соҳаи алоқа ва ҳам дар бахши заргарӣ истифода мешавад.

Рӯйпӯшҳои квартсӣ, ҳамчунин барои муҳофизати ранги мошинҳо аз таъсири офтоб ва сардию намӣ муфид аст.

Иқтидори корхона барои истеҳсоли 130 ҳазор тонна квартс пешбинӣ шудааст.

Корхонаи дувум барои истеҳсоли панелҳои шишагӣ пешбинӣ шудааст, ки бо маблағи 650 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он 10 миллион метри мураббаъ шиша бо қутру андозаҳои гуногун мебошад.

Панелҳои шишагии ин корхона аз квартси ғанигардондашудаи корхонаи ҳамсояаш истеҳсол шуда, маҳсулоти аз ҷиҳати технологӣ баландсифат ва доираи истифодааш хеле васеъ мебошад. Шишаҳои ин корхона натанҳо дар сохтмони биною иншоот, балки дар техникаю таҷҳизоти гуногуни барқӣ, электронию оптикӣ ва умуман истеҳсолоти технологияи олӣ истифода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли шишаҳои панелӣ нахустин корхонаи навъи худ дар Тоҷикистон буда, маҳсулоти он дорои андоза, ҳаҷм, ғафсӣ ва рангҳои гуногун хоҳад буд.

Корхона имконият дорад шишаҳои панелии тафсонидашуда, ба оташ ва гармию хунукӣ тобоварро бо рангҳои сиёҳ, йоддор ва ғайра тибқи фармоиш ба мизоҷони худ истеҳсол ва пешкаш намояд.

Насби чунин шиша дар тирезаҳои корхонаю хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷумла боиси ҳифзи ашёву ҷиҳози манзилӣ аз таъсири манфии офтоб мегардад.

Шишаи ин корхона, ҳамчунин аз ҷиҳати экологию техногенӣ бехатару безар аст, зеро ҳангоми афтидан ва ё бархӯрд ба чизе намешиканад ва ба пораҳои буранда пош намехӯрад.

Корхонаи сеюме, ки санги асосаш гузошта шуд, ба истеҳсоли зарфҳои гуногуни шишагӣ барои маҳсулоти нӯшокию хӯрокворӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор зарурӣ пешбинӣ гаштааст.

Зарфҳои шишагии ин корхона комилан замонавӣ буда, аз маҳсулоти қаблие, ки дар замони гузашта истифода мешуд, ба куллӣ фарқ мекунад. Гузашта аз ин, ин зарфҳо аз ҷиҳати экологӣ ва зистмуҳитӣ безарар буда, дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки аз истифодаи зарфҳои пластикӣ даст кашида мешавад, ба талабот мувофиқ аст.

Муҳимтар аз ҳама, дар корхонаи шиша, ҳамчунин коргоҳи коркарди дубораи партовҳои шишагӣ бунёд меёбад, ки бо аҳамияти зистмуҳитии худ як намунаи истеҳсолоти “сабз” хоҳад буд.

Корхона бо иқтидори истеҳсолии 45 миллион литр зарфҳои шишагии андозаву ғунҷоишашон гуногун дар як сол омода хоҳад шуд. Ин ҳаҷми истеҳсол имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба зарфҳои шишагӣ сад дар сад қонеъ карда шавад, зеро, тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло ҳамасола дар ҳаҷми ҳудуди 40 миллион литр ин маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар болои боми ҳарсе корхонаи бунёдшаванда панелҳои офтобӣ насб карда хоҳад шуд, ки 90 ҳазор кВт барқ истеҳсол хоҳанд кард.

Ин шаҳраки нави саноатӣ, ҳамчунин дорои манбаи дигари худии неруи барқ бо иқтидори 30 ҳазор кВт хоҳад буд, зеро гармие, ки дар оташдонҳо барои истеҳсоли маҳсулот ҳосил мешавад, ба тавлиди неруи барқ низ равона мегардад.

Барои ин кор дар ин ҷо турбинаҳои буғӣ насб карда мешаванд, ки аз гармии оташдонҳои дарозиашон 200 метрии корхонаҳо истифода карда, неруи барқ тавлид мекунанд.

Неруи барқи ба ин ду тариқа дар ин шаҳраки саноатӣ истеҳсолшаванда, ки баробар ба 12 мВт хоҳад буд, 80% талаботи худро қонеъ менамояд, ки боиси кам шудани арзиши аслии маҳсулот мегардад.

Корхонаҳои ин шаҳраки саноатӣ барои пухтану гудохтани маҳсулоти худ аз гармии гази аз ангишт истеҳсолшаванда истифода мекунанд. Ин кор низ бо технологияи баланди муосир ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки ин шаҳраки нави саноатӣ дар майдони беш аз 37 га замине бунёд меёбад, ки қаблан ба як партовгоҳи азими саноатию сохтмонӣ табдил ёфта буд. 25 га ҳамин замин зери сохтмон хоҳад рафт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватанӣ барои ин иқдоми шоистаи бунёдгарона изҳори сипос намуда, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки акнун дар ин ҷо як шаҳраки зебову дилкаш ва аз ҷиҳати техникию технологӣ намунавӣ қомат меафрозад, ки бозгӯй аз рушду нумуи нави саноатӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз аст.

Октябрь 20, 2025 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич мумфарш карда шуданд
Дар Муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» бунёд мегардад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд инфрасохтори муҳими коммуналӣ навсозӣ карда мешавад
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд