Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 22, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатшоҳ Қаҳҳоров бо маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 30 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Иншооти навбунёд аз ду ошёна, бинои ёрирасон, намоишгоҳи махсуси либос, ҳуҷраи корӣ ва маркази хизматрасонии КВД Амонатбонк иборат буда, дар он истеҳсоли либосҳои махсус, мардонаву занона тибқи фармоиш ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқи харидорон аст. Дар ин коргоҳи навбунёди дӯзандагӣ 80 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона» дар як шабонарӯз имкон дорад то 100-110 либоси гуногунро истеҳсол намояд.

Дар ин корхона тавлиди навъҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ шудааст, ки бо бренди миллӣ ва мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳад кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад.

Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар бузургтарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси «Дурдона» тамоми марҳилаҳои истеҳсолии либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба духтани он роҳандозӣ шудааст.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии «Дурдона» шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, ки соҳаи нассоҷӣ рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату арзандаи дастгирӣ номиданд.

Ба кормандони коргоҳи навтаъсис тавсия дода шуд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то либосҳои корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.

Ба истифода додани корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдонаи ноҳияи Восеъ 22.10.2025

Октябрь 22, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
Дар шаҳри Ҳисор минтақаи саноатӣ таъсис дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Ҳисор ҳашт корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?