Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот аз рафти густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, таъкид гардид, ки бо саъю талоши бештари ҷонибҳо ин раванд дар оянда низ самаранок идома хоҳад ёфт.
Натиҷаҳои боздидҳои расмии роҳбарияти олии Тоҷикистону Эрон, гуфтушунидҳо ва тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, инчунин санадҳои нави имзошуда барои рушди минбаъдаи муносибатҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоративу иқтисодии дуҷониба таъкид намуда, аз тамоюли рӯ ба афзоиши табодули тиҷоратӣ миёни ду кишвар ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки дар соли 2024 гардиши мол миёни ду кишвар тақрибан ба 380 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид ва изҳори бовар карда шуд, ки ин рақам дар наздиктарин фурсат ба 500 миллион доллар ва аз он бештар низ хоҳад расид.
Дар ин робита тақвияти кори абзорҳои дуҷонибаи рушди ҳамкорӣ зарур дониста шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории судманд миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.









Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026






