Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”.
Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид карда шуд.
Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд.
Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, табодули афкор сурат гирифт.
Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид.









Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025






