Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

Октябрь 10, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”.

Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид карда шуд.

Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд.

Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид.

Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 10.10.2025

Октябрь 10, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон